Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо баъди қатли як қирғиз аз сӯи марзбони ӯзбак


Баъд аз куштори як шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи марзбони ӯзбак тақрибан 200 сокини деҳаи Гулиёни ноҳияи Қадамҷой роҳи мошингарди Бодканд-Ӯшро бастанд. Онҳо талаб доранд, марзбони ӯзбак, ки дар қатли қирғиз даст дорад, боздошт ва муҷозот шавад. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ, волии вилояти Бодканд Жениш Раззоқов бо эътирозгарон мулоқот кард ва аммо онҳо то ҳол пароканда нашудаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки ҳодиса имшаб дар қитъаи "Марказ"-и дастаи сарҳадии Ҳайдаркон, воқеъ дар канори деҳаи Гулиён, бар пояи моҷаро миёни марзбонҳои ӯзбак ва як сокини деҳаи Сарибой ба вуқӯъ пайваст. Дар моҷаро яке аз сарҳадбонҳои ӯзбак аз силоҳ истифода бурд ва шаҳрванди Қирғизистон ба асари ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид.

Масъулини хадамоти марзбонӣ ва кормандони полиси Ҳайдаркон оҷилан ба ҷойи ҳодиса расиданд.

Ниҳодҳои марзбонии ду кишвар дар бораи тафтиши ҳодиса ба мувофиқа расиданд.
XS
SM
MD
LG