Пайвандҳои дастрасӣ

Ван Япин аз фазо ба мактабиён сабақ дод


Кайҳоннавардҳои "Шанчжоу-10" қабл аз парвоз

Кайҳоннавардҳои "Шанчжоу-10" қабл аз парвоз

Кайҳоннаварди чиноӣ Ван Япин аз фазо барои мактабиён дарс гуфт, ки он рӯзи панҷшанбе аз тариқи телевизиони давлатии Чин пахш шуд. Хонум Япин асосан дар бораи таъсири бевазнӣ ба инсон сӯҳбат кард ва чанд таҷриба бо обро намоиш дод. Ду кайҳоннаварди дигари киштии кайҳонии “Шанчжоу-10” ҳам дар ин сеанси таълимӣ ширкат доштанд. Ба навиштаи расонаҳои Чин, ин намоишро миллионҳо сокинони кишвар тамошо карданд.

Киштии “Шанчжоу-10” рӯзи 11 июн дар мадор бо модули "Тянгун-1" васл шуд. Қарор аст, ки парвози киштии кайҳонӣ 15 рӯз идома кунад.
XS
SM
MD
LG