Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дубора фаъол шудани корхонаи овозадори нассоҷии Хуҷанд


Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 20-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки Корхонаи нассоҷии Хуҷанд бо маблағи 2 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати «Хуҷанд-Инвест-Коттон» дубора барқарор карда шуд, ки дар ибтидо метавонад 4 ҳазор тонна пахтаро дар сол коркард кунад. Ин корхонаи бузурги саноатӣ пас аз фурӯпошии шӯравӣ фалаҷ шуда аз фаъолият бозмонда буд. Ҳоло бо маблағи 55 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосир ба кор андохта шуда, бархе аз дастгоҳҳои фарсуда тармим шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир 1200 коргар дар он ба кор оғоз кардаанд, ки 800 нафари онҳо пас аз фалаҷ шудани ин корхона ба рухсатии бемуҳлат рафта буданд. Дар назар аст дар ояндаи наздик иқтидори коркарди пахта дар ин корхона ба 7 ҳазор тонна расонида шуда, теъдоди коргарон ба 3 ҳазор нафар расонда шавад. Корхонаи мазкур аллакай ба истеҳсоли либосвориҳои маҳаллӣ бо пахтаи маҳаллиро оғоз кардааст, ки бо нархҳои ду маротиба арзонтар аз маҳсулоти хориҷӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Масалан, куртаҳои пахтагини мардона бо дӯхтҳои муди ахир, бо нархи 40-45 сомонӣ пешниҳод карда шудааст, ки ба ҳамин монанд куртаҳои воридотӣ 140 сомонӣ қимат доранд.
XS
SM
MD
LG