Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ баргузор шуд. Ин иқдом бо ибтикори Бунёди СОРОС ва дар ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ рӯи даст гирифта шуд. Рухшона Олимова, масъули бахши робита бо ҷомеаи Бунёдис Сорос дар расми ифтитоҳ нахуст аз шарикон ин тарҳ, ба хусус Радиои Озодӣ, Интернюс Нетворк, Бунёди ибтикороти шаҳрвандӣ ва Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ташаккур кард ва гуфт, ки ин мактаб барои омода сохтани журналистони ҳирфаӣ, ба хусус ба шеваи чандрасонаи кӯмак хоҳад кард.

Хуршеди Ҳамдам, раҳбари Бюрои душанбегии Радиои Озодӣ таъсиси ин мактабро гоми муҳим дар рушди журналистикаи муосири тоҷик арзёбӣ кард. Оқои Ҳамдам афзуд, Радиои Озодӣ аз миёни 20 тан аз ширкатдорони ин мактаб ду нафароро дар поёни коромӯзӣ ба Дафтари марказӣ ба шаҳри Прага мефиристад, то ба усулҳои нави чандрасонаӣ ба таври амалӣ ошно шаванд. Вай гуфт, ки дар оянда низ Радиои Озодӣ омодааст тарҳҳоеро дар ин замина дастгирӣ кунад.

Ин давра то рӯзи 9-ум июл давом мекунад ва беш аз 10 тан мураббиён ва журналистон ботаҷриба аз дохил ва хориҷ ба ширкатдоророн нозукиҳои чандрасонаиро омӯзиш медиҳанд. Ин донишомӯзон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буда, аз миёни 43 нафар интихоб шудаанд.
XS
SM
MD
LG