Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон мехоҳанд дар ҳукумати афғон шомил бошанд


 Муҳаммад Наим-сухангӯи идораи Толибон дар Қатар ( аз чап)

Муҳаммад Наим-сухангӯи идораи Толибон дар Қатар ( аз чап)

Як рӯз баъди ифтитоҳи идораи сиёсии Толибон дар кишвари Қатар ин ҷунбиши тундгарои исломӣ иброз доштааст, ки ҳозир дар тақсими қудрат дар Афғонистон ширкат варзад.

Муҳаммад Наим-сухангӯи идораи Толибон дар Қатар, ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибон тарафдори ташкили ҳукумати фарогири афғон мебошанд. Ӯ афзуд, ки Толибон мехоҳанд бо намояндаи президенти Афғонистон дар Қатар музокирот кунанд.

Вашингтон ифтитоҳи идораи сиёсии Толибон дар Қатарро хуш пазироӣ намуд. Рӯзи чоршанбе аснои суханронӣ дар Берлин президенти ИМА Барак Обама аз кӯшишҳои амрикоии ташкили музокирот бо ин созмони исломӣ пуштибонӣ кард.

Қабл аз он президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай музокироти ҳукуматаш бо Вашингтонро, ки дар он ҳузури пойгоҳҳои амрикоӣ баъди соли 2014-ум баҳс мешуд, мутаваққиф кард.

Карзай гуфт, ки дар байни суханони ҳукумати ИМА ва амали ин кишвар дар иртибот бо музокироти сулҳи афғон ихтилоф вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG