Пайвандҳои дастрасӣ

"Дузди қонунӣ"-и гурҷӣ дар Прага дастгир шуд


Полиси Ҷумҳурии Чех як пешвои гурӯҳи ҷиноии муташаккилонаро, ки аслан гурҷӣ мебошад, ба ҳабс гирифтааст.

Мансабдорони полис мегӯянд, марди 46-солаи муттаҳам бо узвият дар “гурӯҳи ҷиноии Кутаисӣ” рӯзи сешанбе аз тарафи полиси шаҳри Прага боздошт шуда буд.

Афсарони полис номи ӯро эълон накарданд, вале гуфтанд, ки аз Гурҷистон аст. Тибқи иттилои расида ҳафтаи равон дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо дар ҷараёни як амалиёт бар муқобили ба истилоҳ “дуздҳои қонунӣ” ё худ аъзои баландпояи гурӯҳҳои ҷиноии муташаккилона 32 узви гурӯҳи Кутаисӣ дастгир шудаанд.

Онҳо бо пулситонӣ, ташкили куштор ва шустушӯи пул муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG