Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон се қозии додгоҳ ғайб задаанд


Се қозии додгоҳи Қирғизистон, ки се намояндаи мухолифон дар порламони ин кишварро ба истилоҳ “сафед” карда буданд, пинҳон шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе сухангӯи Додгоҳи Олии Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин се қозии додгоҳ аз рӯзи сешанбе ба кор набаромадаанд ва ҷои буду боши онҳо маълум нест.

Даҳҳо нафар фаъолон тақозо кардаанд, ки ин се қозии додгоҳ тавзеҳот диҳанд, ки бар чӣ асос се раҳбари мухолифон аз ҳизби Ата Ҷурт, яъне Қамчибек Ташиев, Содир Ҷапаров ва Талант Мамитов ба масъулият кашонда нашуданд. Ин се нафар моҳи март барои талоши кудето ё табаддулот аз як сол то 18 моҳ маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Онҳо моҳи октябри соли гузашта барои талоши табадуллот боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG