Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз музокироти сулҳ бо Толибон ҳимоя кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз талошҳои кишвараш барои оғози музокироти сулҳ дар дафтари нави Толибон дар Қатар ҷонибдорӣ кард. Ин суханони Облама рӯзи чаҳоршанбе дар Берлин дар ҳоле пахш шуд, ки пештар Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон музокирот бо Амрикоро дар бораи боқӣ мондани нируҳои Амрико дар Афғонистон баъд аз соли 2014 ба таъхир андохт.

Ҳомид Карзай гуфт, “суханону амалкардҳои Амрико роҷеъ ба музокироти сулҳи Афғонистон бо ҳам мутобиқат намекунад”. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки дар паси дафтари Толибон дар Қатар “дасти хориҷӣ” дида мешавад ва тақозо кард, ки ин музокирот бояд зери раҳбарии афғонон баргузор гардад.

Обама мегӯяд, вақте, ки дафтари Толибонро дар Қатар боз карданд, ҳукумати Карзай аз лаҳни Толибон нигарон шуда буд. Дафтари Толибон дар Қатар “Дафтари сисёсии Аморати Исломии Афғонистон” ном дорад.
XS
SM
MD
LG