Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз музокироти Амрикову Толибон истиқбол мекунад


Покистон аз боз шудани дафтари Толибон дар Қатар ва аз изҳороти Толибону Амрико дар бораи оғози музокироти сулҳ дар оянда истиқбол кард. Вазири корҳои хориҷаи Покистон гуфт, Исломобод “аз муддатҳо пеш даъват мекард, ки муноқишаи Афғонистон сулҳомез ва аз роҳи музокирот ҳал шавад.

Покистон солҳост, ки ҳомии Толибони Афғонистон буд ва Толибон дар Покистон барои худ паноҳгоҳ пайдо карда буданд, бо вуҷуди он ки Исломобод такрор ба такрор эълон мекард, ки бар зидди исломи тундгаро мубориза мекунад.

Интизор меравад, ки мақомоти Амрикову Толибон субҳи рӯзи панҷшанбе дар Доҳа бо ҳам мулоқот кунанд. Ҳамчунин интизор меравад, ки мақомоти Амрико аз Толибон бихоҳанд, то саранҷом худро аз Ал Қоида комилан дур гиранд.
XS
SM
MD
LG