Пайвандҳои дастрасӣ

Занеро барои "дарси маргталабӣ" зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар шаҳри Атирауи Қазоқистон зани ҷавонеро бо гуноҳи омода кардани писархонди 12- солааш ба ҳайси бомбгузори маргталаб ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин муҳокимаи паси дарҳои баста модарандари 18-солаи наврасро ба тарғиби терроризм ва азоб додани кӯдаки ноболиғ гунаҳкор донистаанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ӯ мехостааст, аз ҳамин роҳ дар дохили Кумитаи Амнияти Миллӣ ҳамла анҷом диҳад. Шавҳари ин занро бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Қазоқистон дар як амалиёти зиддитерористӣ дар соли гузашта куштаанд. Чунин амалиёт дар шаҳри ғарбии Атирау ва манотиқи атрофи он алайҳи тундгароёни исломӣ ва террористон сурат гирифта буд. Аз ҷумла тирамоҳи гузашта дар Атирау ва шаҳри Қулсари 9 тундрави исломиро куштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG