Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре 27 нафарро дар Покистон кушт


Рӯзи сешанбе як бомбгузори маргталаб дар Покистон бо ҳамла ба як маросими дафн дасти кам 27 нафарро кушт. Ӯ худро дар миёни садҳо нафаре тарконд, ки ба ин маросим омада буданд. Ба гуфтаи мақомоти Покистон, дар ин ҳамла Имронхон Муҳаммад, як вакили маҷлиси вилоятӣ ва зоҳиран ҳадафи бомбгузор ҷон додааст. Ҳодиса дар рустои Шергар дар ноҳияи Мардон ба вуқӯъ пайвастааст. Касе то кунун масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро бар дӯш нагирифтааст. Имронхон Муҳаммад дар интихоботи моҳи май ҳамчун номзади мустақил, вакили маҷлиси вилояти Хайбар Пахтунхва интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG