Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи G8 ба ҳалли низоъи Сурия таъкид кард


Раҳбарони Гурӯҳи Ҷи-8 хостори баргузории ҳарчӣ зудтари музокироти сулҳ дар Сурия шуданд, ки қарор буд, дар Женева сурат бигирад. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, рӯзи сешанбе баъди мулоқоти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар Ирландияи Шимолӣ гуфт, раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ тавонистанд, “ихтилофоти назари бунёдиашон” дар бораи ояндаи Сурияро рафъ кунанд: “Махфӣ нест, ки дар нишасти гурӯҳи ҶИ 8 назарҳои бисёр мутафовит буданд. Аммо ҳамаи мо як манфиати ҳаётӣ дорем, ки он ҳам хотима додан ба муноқиша аст ва кӯмак кардан ба мардуми Сурия, ки ба тағйироти хостаашон ноил шаванд.“ Дар баёнияи муштараки Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон, Канада ва Русия омадааст, ки ҳукумати муваққатии Сурия бояд бар асоси “ризоияти дутарафа” таъсис дода шавад. Дар баёнияи мазкур, сарони ин кишварҳо аҳд додаанд, ки барои Сурия дар ҳаҷми 1 миллиарду 500 миллион доллари дигар кӯмаки башарӣ мекунанд, аммо дар бораи сарнавишти ояндаи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ишорае нашудааст. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъди ин нишаст гуфт, ки мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Сурия натиҷаҳои баръакс хоҳад дод, вале айни замон аз қарордодҳои фурӯши силоҳи русӣ ба Сурия ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG