Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳам ба Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳхат гирифт


Хурсандии тими Эрон баъди пирӯзӣ бар Кореяи ҷанубӣ
Хурсандии тими Эрон баъди пирӯзӣ бар Кореяи ҷанубӣ

Ду роҳхат аз гурӯҳи аввали қораи Осиё ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилияро Эрону Куриёи Ҷанубӣ ба даст оварданд.

Узбакистон бо вуҷуди пирӯзӣ бар Қатар бо ҳисоби бузурги 5:1 дар ин гурӯҳ сазовори танҳо мақоми сеюм шуд ва аз роҳхати мустақим ба Ҷоми ҷаҳонӣ маҳрум гардид.

Шоми сешанбе, 18-уми июн бозиҳои даври охирини марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

гурӯҳи “А”

Куриёи Ҷанубӣ – Эрон – 0:1
Узбакистон – Қатар – 5:1

гурӯҳи “В”

Австралия – Ироқ – 1:0
Урдун - Умон - 1:0


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

ГУРӮҲИ “А”

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Эрон 8 5 1 2 7-2 16
2. Куриёи Ҷанубӣ 8 4 2 2 13-7 14

3. Узбакистон 8 4 2 2 11-6 14
4. Қатар 8 2 1 5 5-13 7
5. Лубнон 8 1 2 5 3-12 5

ГУРӮҲИ “В”

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Ҷопон 8 5 2 1 16-5 17
2. Австралия 8 3 4 1 12-7 13

3. Урдун 8 3 1 4 7-16 10
4. Умон 8 2 3 3 7-10 9
5. Ироқ 8 1 2 5 4-8 5

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” тими миллии Эрон бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия роҳхат гирифт. Роҳхати дигарро мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ, ки бо 14 имтиёз дувум шуд, соҳиб гашт.

Дастаи мунтахаби миллии Ҷопон, ки бо 17 имтиёз дар гурӯҳи “В” пешакӣ ғолиб шуда буд, аввалин шуда ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия роҳхат гирифт. Мунтахаби Австралия, ки дар ин гурӯҳ бо 13 имтиёз дувум шуд, роҳхати дигарро ба Бразилия ба даст овард. Узбакистон ҳам шонси камтаре барои роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳониро ҳифз кардааст.

Тими миллии Узбакистон, ки дар гурӯҳи “А” бо 14 имтиёз мақоми севумро касб кард, дар плей-офф бо мунтахаби Урдун муборизаро барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 идома хоҳанд дод. Барандаи ин бозӣ баъдан бо тиме, ки дар мусобиқоти гурӯҳии Амрикои Ҷанубӣ ҷои панҷумро мегирад, барои роҳхати ниҳоӣ ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2014 дар Бразилия вориди рақобат хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 тимҳои миллии 32 кишвар ширкат мекунанд. Бразилия ба унвони мизбон мустақиман ба ин бозиҳо роҳхат гирифтааст. То кунун 4 намояндаи қораи Осиё - Ҷопон, Австралия, Куриёи Ҷанубӣ ва Эрон - ҳаққи ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилияро ба даст овардаанд. Бештар аз ҳама – 13 роҳхат - ба ин бозиҳо ба кишварҳои аврупоӣ дода шудааст.
XS
SM
MD
LG