Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи ҷавонон. "Истиқлол" - ғолиби давраи аввал


Лаҳзае аз бозии ҳайъати ҷавонони "Истиқлол" бо ССКА “Помир”
Лаҳзае аз бозии ҳайъати ҷавонони "Истиқлол" бо ССКА “Помир”

Давраи аввали мусобиқоти ҷумҳуриявӣ миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Истиқлол”-и Душанбе хотима ёфт.

Футболбозони ҷавони “Истиқлол”, ки дар бозии охиринашон дар давраи аввали мусобиқот бар дастаи ҷавонони “Равшан” дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1-0 ғалаба карданд, бо 21 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтанд.

Дастаи ҷавонони “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар даври 11-уми мусобиқот дар меҳмонӣ бар ҳайати ҷавонони ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад, бо 21 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст.

Дастаи ҷавонони “Энергетик”-и Душанбе, ки дар шаҳри Хуҷанд тими мизбон - “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод, бо 20 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Дар бозии охирини даври 11-ум дастаи меҳмон - “Хайр”-и Ваҳдат бар ҳайати ҷавонони “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.

Мавқеи дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқот баъди натиҷагирии давраи аввал чунин аст:

Ҷ
Дастаҳо
Бозӣ
Ғалаба
Мусовӣ
Бохт
Тӯбҳо
Имтиёз
1.
«Истиқлол» (Душанбе)
9
7
0
2
18 – 9
21
2.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
9
6
3
0
23 – 5
21
3.
«Энергетик» (Душанбе)
9
6
2
1
24 – 11
20
4.
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
9
5
2
2
14 – 11
17
5.
«Равшан» (Кӯлоб)
9
4
4
1
19 – 12
16
6.
«Хайр» (Вахдат)
9
3
0
6
13 – 18
9
7.
«Истаравшан» (Истаравшан)
9
2
3
4
11 – 17
9
8.
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
9
2
0
7
8 – 26
6
9.
ССКА «Помир» (Душанбе)
9
1
2
6
9 – 17
5
10.
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
9
0
2
7
0 – 13
2

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳроҷиддин Музаффаров – «Энергетик» - 13 тӯб, Толиб Султонов («Истиқлол») - 7 тӯб, Сиёвуш Муҳсинов («Истиқлол») - 6 тӯб.
XS
SM
MD
LG