Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи кӯчаки нирӯҳои СПАД дар Чоруқдаррон


Аз 17 то 21 июн дар машқгоҳи Чоруқдаррон, 10-километрии Хуҷанд як машқи нерӯҳои муштараки зудамали Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) идома дорад.
Дар ин ҳамоиши 5-рӯза бо ширкати тақрибан 60 низомӣ фармондеҳӣ ва ситоди нерӯҳои осиёимиёнагии вокуниши сареъи СПАД рафтори муштарак алайҳи амалиёти эҳтимолии террористиро ҳамоҳанг хоҳанд кард.
Фарҳод Ибодуллоев, муовини раҳбари дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, тибқи барнома, ситод тарҳрезии амалиёти якҷоя алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар як минтақаи наздимарзиро тамрин хоҳад кард. Вай афзуд, пас аз хориҷ шудани нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон ворид шудани гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаҳои бо Афғонистон ҳамсарҳади Осиёи Марказӣ ва даст ба харобкориҳо задани онҳо эҳтимол дорад ва омодагии қаблии СПАД барои хунсо кардани чунин гурӯҳҳо сурат мегирад.
СПАД соли 1992 ҳамчун Паймони Тошканд таъсис ёфта, соли 2001 номи ҳозираашро гирифт. Дар ҳоли ҳозир дар канори Русия 5 кишвари дигар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон - зери чатри ин паймони сиёсиву ҳарбӣ қарор доранд. Узбакистон соли гузашта узвияташ дар ин паймонро мутаваққиф кард.
XS
SM
MD
LG