Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи дурӯғи таҳсил дар Душанбе ба 30 шаҳрванди Нигерия


Девид Эммануэл ва дӯсташ Ҷибрио Нвачику
Девид Эммануэл ва дӯсташ Ҷибрио Нвачику

Дар Душанбе як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми бо роҳи фиреб аз худ кардани маболиғи ҳудуди 30 шаҳрванди Нигерия боздошт шудааст.

Ин шахс Ҳамидулло Абдулманнон ном дошта, ба гуфтаи мақомот ва ҷабрдидагон, тайи се соли ахир бо роҳи тақаллубкорӣ шаҳрвандони Нигерияро ба Тоҷикистон барои таҳсил ва кор интиқол медодааст.

Девид Эммануэл, яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шахсро шахсан ӯву рафиқаш дар ҳудуди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон вохӯрда, бо кумаки як дӯсти тоҷикашон боздошт ва ба пулис таслим кардаанд. Вай мегӯяд, ин нафар тариқи Интернет ба ширкатҳои сайёҳӣ ва тимҳои футболи Нигерия дар тамос шуда, бо ваъдаи таҳсил ва бозӣ дар ҳайати дастаҳои футболи Тоҷикистон тақрибан 30 нафарро ба Душанбе овардааст.

Аммо, ба қавли ӯ, дар Душанбе аз ҳар яки онҳо 1500 – долларӣ гирифта, сипас ғайб задааст: «Масалан, ман мехостам, ки дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил кунам ва Ҳамидулло гуфт, ки ин шароитро бароям муҳайё мекунад. Аммо вақте ба Душанбе омадам, се рӯз дар фурудгоҳ шабро рӯз кардам ва рӯзи чорум ӯ пайдо шуду аз ман барои таҳсил 1 500 доллар пурсид. Гуфтам, ки ман пули таҳсилро 2 500 доллар дар Нигерия пардохт кардаам. Ӯ таҳдид кард, ки агар ин пулро надиҳам, ихроҷ хоҳам шуд, ӯ дар Тоҷикистон робитаҳои қавӣ дорад ва аз дасти ман коре намеояд.»

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудани ин шаҳрванди Афғонистонро таъйид кард, аммо шарҳи тафсилоти боздошти ӯро ба баъд гузошт. Ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, ин шаҳрванди афғон аз онҳо пули таҳсил дар мактаби олиро мегирифт, вале баъди расидан ба Душанбе онҳоро ба ягон давраи кӯтоҳи забономӯзӣ мебурду дигар бедарак мешуд.

Шаҳрвандони Нигерия ҳоло умедворанд, ки ин қазия таҳқиқ мешавад ва онҳо ниҳоят пас аз як солу ду сол ба таҳсил дар Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG