Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби бошгоҳҳо ва ҷавонони Тоҷикистон


Рӯзи чоршанбе, 19-уми июн дар шаҳри Қӯрғонтеппа бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби бошгоҳҳо ва ҷавонони Тоҷикистон (U-19) баргузор мешавад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и маркази вилояти Хатлон соати 17:30 шурӯъ мешавад. Ба дастаи мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон Тоҳир Муъминов ва Рустам Хоҷаев роҳбарӣ мекунанд.

Ба дастаи мунтахаби бошгоҳҳои Тоҷикистон инҳо даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Силванус Иванс («Вахш»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), ҳимоятгарон - Абурам Фредерик («Энергетик»), Содиқ Мӯсо, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе аз «Равшан»), Бенҷамин Ауко, Юсуф (ҳарду аз «Вахш»), Даниэл Абам («Хайр»), нимҳимоятгарон - Дэвид Мауто («Равшан»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр Чориев («Энергетик»), Бахтиёр Қаландаров («Вахш»), ҳамлагарон - Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр»), Алия Силла («Энергетик»), Шодибек Ғаффоров, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Течи Соломон («Равшан»).

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Салоҳиддин Ғафуров ба бозии дӯстона 20 бозигарро даъват намудааст, ки инҳоянд: дарвозабонҳо - Дилшод Дадабоев (Корхонаи маъданҳои кӯҳӣ), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), ҳимоятгарон - Анвар Ҳамроқулов, Салимшо Иззатов (ҳарду аз ССКА «Помир»), Самандари Хайриддин («Истиқлол»), Хуршед Бегназаров, Саидамири Саидаҳтам (ҳарду аз «Вахш»), Далер Бердиқулов («Регар-ТадАЗ»), Алишери Ҳотам («Энергетик»), нимҳимоятгарон - Додохон Муъминов, Вайсиддин Сафаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Салимҷон Умуров, Музаффар Назаров (ҳарду аз «Вахш»), Шамшод Ҳайдаров («Регар-ТадАЗ»), Парвиз Ҳамидов («Хайр»), ҳамлагарон - Суннатулло Холов («Вахш»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Энергетик»), Сиёвуш Муҳсинов («Истиқлол»), Комрон Турсунов (РТСУ).

XS
SM
MD
LG