Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон


Рӯзи сешанбе масъулияти таъмини амният дар саросари Афғонистон бар дӯши нерӯҳои афғон гузашт.

Дар як маросими ботанатана дар шаҳри Кобул дабири кулли паймони НАТО ин амалро яке аз муҳимтарин марҳилаҳои таърихи Афғонистон номид.

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар ин маросим иброз дошт, ки нерӯҳои афғон масъулияти таъмини амнияти саросари ин кишварро бар дӯш гирифтанд.



Дар донишгоҳи миллии мудофиа, ки дар канори Кобул қарор дорад, маросими интиқоли масъулият аз нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба афсару сарбозони артишу полиси афғон баргузор шуд. Ҳамин тариқ, охирин 95 ноҳияи шарқу ҷануби Афғонистон ва аз ҷумла вилоятҳои Қандаҳор, Ҳилманд, Хуст, Пактиё ва Кунар, ки бо муқовимати Толибон мувоҷеҳ мебошанд, ба назорати нерӯҳои афғон гузаштанд.

Дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, мегӯяд: “Соли гузашта дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви НАТО мо мувофиқат кардем, ки то миёнаҳои соли равон нерӯҳои шумо раҳбарии амалиёти амниятӣ дар саросари кишварро бар дӯш мегиранд. Мо ифтихор дорем, ки ин вазифаро иҷро кардем ва имрӯз нерӯҳои афғон масъулиятҳои амниятиро бар ӯҳда мегиранд.”

Акнун наздик ба 100 ҳазор афсару сарбози нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон (ISAF) то замони беруншавиашон аз Афғонистон, яъне то охири соли 2014-ум ба 350 ҳазор афсару сарбози артиш ва полиси афғон тамрин ва кӯмаки низомӣ хоҳанд расонд.

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай таъкид кард, ки ин рӯзро ӯ дер боз интизор дошт: “Ин орзуи деринаи ман буд. Ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун президенти Афғонистон ба ҳадафам расидам: нерӯҳои афғон фарҳмондеҳиву хидмат ба ватанро ба дасти худ гирифтанд. Барои тамоми мардуми афғон ин рӯзи бузург аст. Мардуми афғон хоҳад дид, ки фарзандони онҳо ва ҷавонони афғон аз ҳаёт ва кишварашон дифоъ мекунанд.”



Рӯзи сешанбе дар масофаи чанд километр аз макони таслими қудрат корвони мошинҳои сиёсатмадори ҳазора Муҳаммад Муҳаққиқ бо ҳамлаи бомбгузори маргталаб мувоҷеҳ шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Муҳаққиқ тасдиқ кард, ки аз ҳамла ҷон ба саломат бурдааст, вале 6 муҳофизаш дар миёни 30 нафаре ҳастанд, бар асари ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

Моҳи ноябри соли 2011-ум Муҳаққиқ ҳамроҳ бо фармондеҳи узбактабори афғон Абдурашиди Дӯстум ва сиёсатмадори тоҷиктабори афғон Аҳмадзиё Масъуд Ҷабҳаи миллии Афғонистонро ташкил намуданд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин гуруҳ тағйири низоми давлатдории президентӣ ба низоми парламентии давлатдорӣ дар Афғонистон аст. Дар чунин ҳол мақомоти маҳаллӣ аз ҳукумати Кобул мухторияти бештар ба даст хоҳанд овард. Дар солҳои навадуми қарни гузашта Дустум бо бародари Аҳмадзиё Масъуд-Аҳмадшоҳ Масъуд дар сафҳои Эътилофи Шимол бо Толибон даст ба гиребон буд.
XS
SM
MD
LG