Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти нонпазҳои тоҷику узбак дар Маскав


Полиси Маскав дар як корхонаи нонпазӣ даҳҳо тоҷику узбакро, ки эҳтимолан дар Русия ғайриқонунӣ кор мекарданд, боздошт намудааст.

Хабаргузори Интерфакси Русия аз нақли мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Маскав овардааст, ки дар рафти як амалиёт 84 ходими ин корхонаи нонпазӣ боздошт ва ба хотири ташхиси ҳуввияташон ба идораи полиси минтақаи Таганский интиқол дода шуданд.

Ба қавли полис дар нисбати 4 боздоштшуда протоколи хилофкории маъмурӣ таҳия шуда, иҷозатномаи кории 64 муҳоҷир боиси суол будааст. Ҳоло полис ин иҷозатномаҳоро тафтиш дорад.
XS
SM
MD
LG