Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Обама ва Путин дар Ирландияи Шимолӣ


Президентҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Владимир Путин

Президентҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Владимир Путин

Дар ҳошияи нишасти раҳбарони 8 кишвари саноатии олам дар Ирландияи Шимолӣ президентҳои ИМА ва Русия Барак Обама ва Владимир Путин бӯҳрони Сурияро баррасӣ карданд.

Путин мегӯяд, ду кишвар мехоҳанд хунрезӣ дар Сурия хотима ёбад. Президенти ИМА ҳам аз ин фикр пуштибонӣ намуда, афзудааст, Вашингтон мехоҳад кафолат ҳосил шавад, ки дар Сурия аз силоҳи химиявӣ кор нахоҳанд гирифт:

Дар масъалаи Сурия мо дурнамои гуногун пешбинӣ мекунем, вале ҷонибдори коҳиши хушунат, кафолати худдорӣ аз истифодаи силоҳи химиявӣ мебошем. Ва ҳаддалимкон рафъи бӯҳрон бо истифода аз василаҳои осоишта ҳастем. Аз ин рӯ, мо ба ҳайатҳои корӣ дастур додаем, ки дар пайи мулоқоти аввал рӯи масъалаи ташкили конфронси Женева кор кунанд.”

Кишварҳои ғарбӣ Путинро ба хотири пуштибониаш аз президенти Сурия Башор ал-Асад танқид мекунанд. Дар давоми нооромиҳои беш аз дусолаи Сурия камаш 93 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Маъмурияти президенти ИМА ваъда додааст, ки ба ошӯбгарони Сурия кумаки низомӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG