Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА омодааст ба гузашти ҳастаии Теҳрон посух диҳад


 Ҷен Псакӣ-сухангӯи департаменти давлатии ИМА

Ҷен Псакӣ-сухангӯи департаменти давлатии ИМА

Маъмурияти президенти ИМА мегӯяд, интихоби сиёсатмадори муътадил Ҳасан Рӯҳонӣ ба курсии президенти Эрон боиси он нахоҳад шуд, ки Вашингтон ба Теҳрон созиши нави ҳастаӣ пешниҳод кунад.

Рӯзи душанбе дар Вашингтон сухангӯи департаменти давлатии ИМА хонум Ҷен Псакӣ ба хабарнигорон гуфт, ИМА омодааст, ба гузаштҳои ҳастаии Эрон посухи мусбат диҳад.

Пирӯзии Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон умеди пешрафт дар ҳалли баҳс рӯи барномаи ҳастаии Теҳронро бештар кардааст.

Вале хонум Псакӣ хотирнишон кард, ки сарнавишти барномаи ҳастаии Теҳрон ба дасти раҳбари олии Ҷумҳурии исломии Эрон оятулло Алии Хоманайӣ аст.

Президенти мунтахаби Эрон бо умеди заифтар шудани таҳрими иқтисодии Эрон ваъда додааст, ки шаффофияти барномаи ҳастаии Эрон бештар хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ мегӯяд, барои Эрон беҳбуди равобит бо кишварҳои дигар ва ба хусус ҳамсоя-кишварҳо муҳим аст.
XS
SM
MD
LG