Пайвандҳои дастрасӣ

Маргталаб дар Кобул се нафарро ба қатл расонд


Полиси Афғонистон мегӯяд, бомбгузори маргталаб болои корвони мошинҳои сиёсатмадори шинохтаи ҳазора Муҳаммад Муҳаққиқ ҳамла кардааст.

Ба қавли мақомот бар асари ин ҳамла дар қисмати ғарбии Кобул Муҳаққиқ осебе надидааст, вале камаш се нафар кушта шуданд.

Таркиши рӯзи сешанбе дар арафаи як ҷамъомади байналмилалӣ бо иштироки симоҳои маъруфи афғону хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамагӣ чанд километр аз макони таркиш маросими интиқоли масъулияти амниятии ноҳияҳои охирин ба назорати артишу полиси афғон баргузор шуд, ки дар он дабири кулли паймони НАТО Андерс Фог Расмуссен ва президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай иштирок карданд.

Ҳамин тариқ масъулияти таъмини амнияти 95 ноҳияи охирини ҷанубу шарқи Афғонистон, ки бо ошӯби Толибон мувоҷеҳанд, ба дасти нерӯҳои маҳаллӣ гузашт.

Бо интиқоли масъулияти таъмини амният бар дӯши нерӯҳои афғон нерӯҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон бо кумак ва тамрини сарбоӯзони афғон машғул хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG