Пайвандҳои дастрасӣ

Асад интиқоли силоҳ ба ошӯбгаронро маҳкум кард


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия изҳор намуд, ки агар Аврупо барои ошӯбгарони суриягӣ силоҳ фиристад, барои ин худ муҷозот мешавад. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии Frankfurter Allgemeine Zeitung, ки рӯи сешанбе нашр шуд, ӯ гуфтааст, интиқоли силоҳ ба ошӯбгарон боиси хурӯҷи терроризм дар Аврупо хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Сурия ҳама иттиҳом аз сӯи Бритониё ва Фаронса дар бораи истифода шудани силоҳи кимиёвӣ аз сӯи артиши кишвар алайҳи мардумро рад кард.

Аз ин пеш хабаргузории Reuters бо такя ба як манбааш дар кишварҳои Халиҷи Форс навишт, ки Арабистони саудӣ ду моҳ боз мухолифини мусаллаҳи Сурияро бо мушакҳои сайёри зидди ҳамлаи ҳавоӣ таъмин мекунад. Ин мушакҳо таври маъмул аз Фаронса ва Белгия харида мешаванд ва Фаронса маблағи интиқолашон ба минтақаро пардохт мекунад, гуфтааст ин манбаъ ва афзудааст, мушакҳо ба дасти генерал Салим Идрис, раиси Шӯрои олии низомии Артиши озодихоҳи Сурия мерасанд. Мақомоти Арабистони саудӣ ин хабарро ташреҳ накардаанд.

Қаблан манбаъҳои дипломатӣ хабар дода буданд, ки Арабистони саудӣ аз вориди низои Сурия шудани гурӯҳи ифротгарои шиаи “Ҳизбуллоҳ” сахт нигарон аст. Авзоъ дар Сурия – яке аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи олам аст, ки дар Ирландияи Шимолӣ мегузарад.
XS
SM
MD
LG