Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистон барои ошӯбгарони Сурия мушак мехарад


Арабистони саудӣ ду моҳ боз мухолифини мусаллаҳи Сурияро бо мушакҳои сайёри зидди ҳамлаи ҳавоӣ таъмин мекунад. Хабаргузории Reuters бо такя ба як манбааш дар кишварҳои Халиҷи Форс навиштааст, ки ин мушакҳо таври маъмул аз Фаронса ва Белгия харида мешаванд ва Фаронса маблағи интиқолашон ба минтақаро пардохт мекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, мушакҳо ба дасти генерал Салим Идрис, раиси Шӯрои олии низомии Артиши озодихоҳи Сурия мерасанд. Мақомоти Арабистони саудӣ ин хабарро ташреҳ накардаанд.

Аз ин пеш манбаъҳои дипломатӣ хабар дода буданд, ки Арабистони саудӣ аз вориди низои Сурия шудани гурӯҳи ифротгарои шиаи “Ҳизбуллоҳ” сахт нигарон аст. Авзоъ дар Сурия – яке аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи олам аст, ки дар Ирландияи Шимолӣ мегузарад.
XS
SM
MD
LG