Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аринч: Барои хатми эътирозҳо шояд артиш сафарбар шавад


Булент Аринч
Булент Аринч
Муовини нахуствазири Туркия Булент Аринч дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, ки мақомот ба хотири саркӯбсозии эътирозҳо дар ҳоли зарурат аз ҳама васоил, аз ҷумла, нерӯҳои мусаллаҳ истифода хоҳанд бурд. Ба гуфтаи ӯ, шояд нерӯҳои полис барои қатъи тазоҳурот, ки се ҳафта боз идома дорад, кофӣ набошад.

Изҳороти муовини нахуствазири Туркия дар ҳоле пахш шуд, ки ду иттиҳодияи синфии Туркия – Конфедератсияи иттиҳодияҳои синфии кормандони давлатӣ ва Конфедератсияи иттиҳодияҳои синфии пешқадам - ба нишони эътироз алайҳи саркӯбсозии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аз сӯи полис даст ба коршикании якрӯза заданд.

Шоми душанбе полис садди роҳи садҳо фаъолони иттиҳодияҳои синфӣ шуд, ки мехостанд то майдони Тақсим раҳпаймоӣ кунанд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумат дар Туркия баъд аз он густурда шуданд, ки рӯзи 28 май полис ҳамоиши донишҷӯёни Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Эътирозҳо ба шаҳрҳои бузурги Туркия, аз ҷумла, ба пойтахт - шаҳри Анкара печиданд. Дар эътирозҳо чаҳор кас ба ҳалокат расида, тақрибан 5 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG