Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои саркӯбсозии тазоҳурот артиш сафарбар мешавад?


Муовини нахуствазири Туркия ҳушдор дод, ки ҳукумат метавонад барои хотима додан ба эътирозҳо нерӯҳои мусаллаҳро сафарбар кунад.

Булент Аринч дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, ки мақомот ба хотири саркӯбсозии эътирозҳо дар ҳоли зарурат аз ҳама васоил, аз ҷумла, низомиён истифода хоҳанд бурд. Ба гуфтаи ӯ, шояд нерӯҳои полис барои қатъи тазоҳурот, ки се ҳафта боз идома дорад, кофӣ набошад.

Изҳороти муовини нахуствазири Туркия дар ҳоле пахш шуд, ки ду иттиҳодияи синфии Туркия – Конфедератсияи иттиҳодияҳои синфии кормандони давлатӣ ва Конфедератсияи иттиҳодияҳои синфии мутараққӣ - ба нишони эътироз алайҳи
Булент Аринч
Булент Аринч
саркӯбсозии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ аз сӯи полис даст ба коршикании якрӯза заданд. Онҳо мегӯянд, ки ҳукумати нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо саркӯбсозии эътирозҳо дар майдони Тақсими Истамбул “ҳамла ба кишвар”-ро шурӯъ кардааст.

Шоми душанбе полис садди роҳи садҳо фаъолони иттиҳодияҳои синфӣ шуд, ки мехостанд то майдони Тақсим раҳпаймоӣ кунанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, фаъолони иттиҳодияҳои синфӣ ба нишони эътироз рӯи хиёбон нишастанд. Аз ин пеш вазири умури дохилиии Туркия Муаммар Гулар ҳушдор дода буд, ки чун коршиканӣ ғайриқонунист ва эътирозгарон барои ин аз рӯи қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Рӯзи душанбе ба эътирозҳо дигар иттиҳодияҳои синфӣ ҳамроҳ шуданд. Аз ин пеш раиси Анҷумани табибони Туркия Аҳмад Оздемир Оқтин гуфт, ки кормандони тиб ҳам ба эътирозҳо мепайванданд, зеро "нахуствазир Эрдуғон мардумро ба ҷанги шаҳрвандӣ тела медиҳад ва ҳатто афроде, ки ба ӯ раъй додаанд, инро қабул надоранд”.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои ҳукумат дар Туркия баъд аз он густурда шуданд, ки рӯзи 28 май полис ҳамоиши донишҷӯёни Истамбул алайҳи буридани дарахтҳо дар боғи фароғатии Ғозӣ ва он ҷо бунёд кардани пойгоҳи низомӣ, масҷид ва маркази бузурги тиҷоратиро пароканда намуд. Эътирозҳо ба шаҳрҳои бузурги Туркия, аз ҷумла, ба пойтахт - шаҳри Анкара печиданд. Дар эътирозҳо чаҳор кас ба ҳалокат расида, тақрибан 5 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мардумро на фақат аз байн бурдани боғи Ғозӣ, балки тасмими ҳукумати Туркия барои муқаррар кардани соатҳои фурӯши машрубот ҳам асабонӣ кард. Ба вижа, соҳибону кормандони тарабхонаҳо дар майдони Тақсим ва боғи Ғозӣ, ки ҷойи асосии убуру мурури сайёҳон аст, аз ин тасмим сахт хашмгин шуданд. Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, аҳзоби чап ва либералу миллии Туркия аз он сахт озурда шуданд, ки Эрдуғон бо такя ба соҳиби қудрат буданаш мехоҳад Туркияро аз як кишвари дунявӣ зина-зина ба як давлати исломӣ табдил намояд.

Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯи якшанбе дар як ҳамоиши беш аз сад ҳазор ҷонибдоронаш дар Истамбул гуфт, ӯ муваззаф буд, ки ба полис барои пароканда кардани эътирозгарон дар боғи Ғозӣ амр диҳад. Ӯ ҳамчунин расонаҳои хориҷиро дар он айбдор намуд, ки ба оташи низоъ дар кишвар равған мерезанд ва ҳаводиси Туркияро воқеъбинона инъикос намекунанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе Дуня Миятович, масъули бахши озодии матбуот дар Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, изҳор намуд, ки боздошту тарс додани хабарнигорони турку хориҷӣ озодии баёнро дар Туркия зери суол мебарад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чанд корманди расонаҳои туркиву байнулмилалӣ барои муддати кӯтоҳ боздошт шуданд ва мавриди таҳқиру бадрафтории кормандони полис қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG