Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ дар барномаҳои ҳастаӣ шаффофияти бештар ваъда кард


Нахустин нишасти хабарии Рӯҳонӣ баъд аз интихобот

Нахустин нишасти хабарии Рӯҳонӣ баъд аз интихобот

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон мегӯяд, “шаффофияти бештар” дар барономаҳои ҳастаии ин кишвар кӯмак хоҳад кард, то таҳримҳои иқтисодии байналмиллалӣ бар зидди Теҳрон сабуктар шавад.

Рӯҳонӣ зимни суханони худ дар нахустин нишасти хабарии худ баъд аз интихобот гуфт, ки вай низ аз ин таҳримҳо интиқод кардааст ва онҳоро бераҳмонаву беасос номидааст.
“Барномаҳои ҳастаии мо комилан шаффоф аст, аммо мо ҳозирем шаффофияти бештаре нишон диҳем ва барои ҳамаи дунё рӯшан кунем, ки иқдомоти Эрон комилан дар чаҳорчӯбаҳои байналмиллалист”.

Вале Рӯҳонӣ дар бораи барномаҳои муттаваққиф сохтани ғанисозии уран нахост сӯҳбат кунад. Вай зарурати беҳбуди муносиботи Эрон бо кишварҳои дигар, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамсояро таъкид кард.
XS
SM
MD
LG