Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷубронпулии Сайрамбиро кӣ гирифт?


Ҳамсари як муҳоҷири дар Русия ҳалокшуда аз волидайни шавҳараш ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Сайрамбӣ Маҷидова, сокини деҳаи Момираки ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, шавҳараш Давлатхон Юсуфов дар моҳи январи соли ҷорӣ дар паи оташсӯзие дар шаҳри Маскави Русия ҳалок шуд, вале ҳоло волидайни шавҳараш ӯро бо се кӯдаки хурдсолаш аз хонаи истиқоматӣ пеш мекунанд. Ӯ мегӯяд, пас аз ин оташсӯзӣ корхонае, ки шавҳараш кор мекард, ба номи фарзандонаш ба миқдори 12 ҳазор доллар кумакпулӣ фиристодааст, аммо ҳангоми талаби ин маблағ волидайни шавҳараш дар ғазаб шудаанд.


Шикояти Сайрамбӣ Маҷидова аз волидайни шавҳараш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим


Ин дар ҳолест, ки ин хонум мегӯяд, пас аз ҳалок шудани шавҳари муҳоҷираш зиндагиаш мушкилтар шудааст: «Ба ҳар ҳол, пул равон мекард ва зиндагиамон хубтар буд. Ҳозир зиндагиамон бадтар шудааст. Дар хонаи хусурам бе ин ҳам ҳар рӯз гап аст, ки кӯдаконат ин хел карданду он хел. Се кӯдакат ва бо худат чор нафар нонхӯр… Ман ҳозир фақат ҳамин талабро дорам, ки қонун чӣ мегӯяд. Хоҳиши ман ҳамин аст, ки бо он пуле, ки барои шавҳарам равон карда буданд, барои ҳамин се фарзандаш ягон хонача бихаранд. Сарпаноҳ барои
ҳамин кӯдакон. Дигар ҳеҷ чиз намехоҳам.»

Наздикони волидайни шавҳари ин зан бо мо сӯҳбати зиёд накарданд. Танҳо изҳор доштанд, ки «барои онҳо қиматтарин чиз фарзанд буд, ки аз даст додаанд ва ҳоло дигар чизе намехоҳанд.»

Аммо Бозор Ғуломов, вакили деҳаи Момирак мегӯяд, воқеан, ин зан бо се кӯдакаш дучори мушкил шудааст ва ӯ ҳамчун вакили маҳалла борҳо хоҳиш кардааст, то бе баҳси тӯлонӣ хусур хушдоман набераҳо ва ҳамсари фарзандашро дар хонае ҷой кунанд. «Бо се кӯдак аз хона берун кардан аз рӯи инсоф нест. Ба хотири кӯдаконаш ҳамон фирма пул ҷудо кардааст. Ба хотире, ки барои ҳамин як сарпаноҳ кунанд. Ба ҷои он ки пулро барои кӯдаконаш сарф кунананд, боз ӯро аз хона пеш мекунанд. Мо борҳо маслиҳат додем, ки кор ба хубӣ ҳал шавад,» - мегӯяд Бозор Ғуломов.

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Шаҳрванд”, ки ба ин зан кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, маблағе, ки корхона фиристодааст, бояд дасти ин зан мерасид, на ба дасти волидайнаш. Ӯ мегӯяд, ҳоло онҳо маълум карданианд, ки корхона чӣ миқдор маблағ фиристод ва чаро он ба дасти ин зан нарасидааст? Ҷаноби Расулов мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш бори аввал нест, ки занҳои муҳоҷири ҳалокшуда чунин сарсону саргардон мешаванд: "Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ба ҳар шаҳрванде, ки мефавтад, маблағи муайяне ҳамчун гӯручӯбпулӣ дода мешавад, аммо ҳоло хонаводаҳои зиёди муҳоҷирон ҳастанд, ки ин маблағро дастрас карда наметавонанд. Мисли Маҷидова занҳои зиёди оилаҳои муҳоҷир ҳастанд, ки пас аз ҳалок шудани шавҳарон ба мушкили ҳуқуқӣ дучор мегарданд. То ҳадди имкон мо онҳоро кумаки ҳуқуқӣ мерасонем. ”

Сафармад Маҷидов, падари Сайрамбӣ Маҷидова мегӯяд, аслан ӯ он қадар ба шикояти духтараш ба додгоҳ розӣ нест. Ӯ мегӯяд, то вақте ки зинда аст, фарзандашро бо наберагонаш дар хона ҷой медиҳад, вале ба он хотир ки намедонад, пас аз сари ӯ ҳолашон чӣ мешавад, розӣ аст, то духтараш хонаи алоҳида дошта бошад: «Ман дахолат намекунам. Духтарам медонаду хусураш. Ман ҳеҷ чиз намехоҳам. Ҳамин кӯдакон як даҳан нон ёбанду рӯзашон пеш равад, дигар коре надорам. Шукри Худо, зиндагиам бад нест. Аммо духтарам ба ҳар ҳол, бояд зиндагии худашро дошта бошад, ки фардо кӣ медонад, чӣ мешавад?»

Ҳоло ин зан бо кумаки ҳуқуқшинос ба ҷои кори собиқи шавҳараш ба Русия мактуб навиштааст, то маълум кунад, ки пас аз марг чӣ миқдор маблағ барояш ирсол кардаанд? Маблағе, ки ба номи ӯ ирсол шудааст, аммо ӯ нагирифтааст ва талаби ин пул ӯро акнун бо 3 кӯдакаш аз ҷои зист маҳрум кардааст.
XS
SM
MD
LG