Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Гурҷистон гӯё амборҳои аслиҳаи Саакашвилиро пайдо кардаанд


Бозрасони Гурҷистон мегӯянд, ки онҳо чанд амбори махфиро ошкор кардаанд, ки дар он аслиҳаву муҳимот, маводи мухаддир ва ҳуҷҷатҳои ҳизби Михаил Саакашвилӣ дар бораи мухолифонаш пинҳон будаанд. Хонум Нино Гиоргобиани-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Гурҷистон рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин маводро дар дохили бушкаҳо гирифтаанд ва дар вилояти Самегрело воқеъ дар ғарби кишвар гӯр кардаанд.

Сухангӯи вазорат гуфтааст, дар ин амбор аксҳо ва навиштаҳо ба ҳизби Ҷунбиши Муттаҳидаи Миллии Михаил Саакашвилӣ тааллуқ доштааст ва онҳо ба нақша гирифтаанд, ки агар дар интихоботи порламонии соли гузашта пируз шаванд, ҳамин одамонро ба ҳабс мегиранд.

Гиоргобиани мегӯяд, дар наворҳо саҳнаҳое аз суистифодаи ҷинсӣ, шиканҷаи одамони номаълум аз тарафи кормандони мақомоти интизомӣ ба назар мерасад. То ҳол ҷониби Саакашвилӣ ба ин эъломия посух надодааст.
XS
SM
MD
LG