Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ҷони раиси пулиси Ҳилманд суиқасд сурат гирифт


Муҳаммаднабӣ Илҳом-раиси пулиси вилояти Ҳилманд рӯзи душанбе аз як суиқасд ҷон ба саломат бурд. Сухангӯи волии вилоят гуфт, мошини бамгузоришуда дар Лашкаргоҳ-маркази вилоят замоне мунфаҷир шуд, ки раиси пулис аз хона ба ҷои кори худ мерафт.

Сухангӯи волии вилоят гуфтааст, зиреҳпӯше, ки раиси пулис савори он буд, дар инфиҷор сахт осеб дидааст. Раиси пулис дар ин инфиҷор осеб надидааст, вале ду нафар посбонони вай сатҳӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Баъд аз ин ҳодиса раиси пулис ба хабарнигорон гуфт, ки бар зидди душманони Афғонистон ва душманон, ки ҳаёти мардумро ба хатар рӯ ба рӯ кардаанд, муборизаро идома медиҳад.

Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо бар душ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG