Пайвандҳои дастрасӣ

Як додгоҳи кайфарии устони Теҳрон раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба додгоҳ эҳзор мекунад. Бино ба гузоришҳо, Аҳмадинажод бар асоси шикояти раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Алии Лориҷонӣ ва раиси як куммиссиюни парлумон Муҳаммадалии Пуримухтор ба додгоҳ эҳзор шудааст. Сомонаи давлатии dolat.ir менависад, дар эҳзорияи додгоҳ иттиҳомоти алайҳи Аҳмадинажод мушаххас нашудааст, вале ҳадс мезанад, ки ин қазия марбут ба шикояти сарони парлумон мешавад. Аҳмадинажод, ки бо пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ дар интихоботи 14 июн курсии раёсатро ба зудӣ ба ӯ месупорад, тайи ду давраи раҳбариаш бар давлати Эрон бо сарони маҷлис, бахусус бо Алии Лориҷонӣ чанд дафъа раддубадалҳои лафзӣ дошт. Дар моҳи феврал Аҳмадинажод дар ҷаласаи парлумон бародар ва аҳли хонаводаи Лориҷониро ба фасоди молӣ айбдор кард. Лориҷонӣ ба навбаи худ раисиҷумҳурро айбдор кард, ки мехоҳад дар интихобот яке аз ёронашро пирӯз гардонад, вале дасташ кӯтоҳ аст. Аҳмадинажод раҳбарии давлати Эронро рӯзи 3 август ба Рӯҳонӣ месупорад.
XS
SM
MD
LG