Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси раёсати вижаи марзбонӣ дар Хатлон


Дар вилояти Хатлон раёсати алоҳидаи нерӯҳои марзбонӣ таъсис додаанд. Ин раёсат фаъолияти чаҳор ҷузъу томи сарҳадии Тоҷикистон дар ҷануби кишварро назорат ва ҳамоҳанг хоҳад кард. Абдувоҳид Мирзоев, фармондеҳи пешини қисми марзбонӣ дар ноҳияи Истаравшан , сардори раёсати марзбонии Хатлон таъйин шудааст. Дар вилояти Хатлон 4 отряди марзбонӣ - дар Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Шаҳритус ва Панҷи поён - фаъолият доранд. Хатлон аз ҷануб ва шарқ бо Афғонистон ва аз ғарб бо Узбакистон ҳаммарз аст.
Таъсиси раёсати марзбонӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар бораи эҳтимоли ба Осиёи Марказӣ нуфузи бештар кардани ҷангиёни исломӣ сӯҳбат мешавад.
XS
SM
MD
LG