Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имом-хатиб будани "қаҳрамон"-и наворро радд мекунанд


Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қаҳрамони навори маҳрамонаи дар Фейсбук нашршуда имомхатиби ҳеҷ яке аз масоҷид набудааст.Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн бо пахши як раддия дар сомонаи худ мегӯяд, ин овозаҳо ки гӯё ӯ имомхатиби масҷиди деҳаи Болшевизми ноҳияи Рӯдакӣ бошад, асос надорад, зеро дар феҳристи ягонаи Иттиҳодияҳои динии ин ниҳод ин шахс ҳамчун имомхатиб сабт нашудааст. Кумитаи дини Тоҷикистон дар идомаи раддияи худ зикр мекунад, ки «азбаски ӯ таълимоти диниро дар хориҷи кишвар, Эрону Покистон гирифта будааст, баъзан мардум ӯро мулло гуфта ном мебурдаанд. Ба қавли мардум, баъзан дар маъракаву ҳамсоянишиниҳо ин шахс бо хоҳиши аҳли деҳа имоматӣ мекард. Аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки мавсуф имоми расмии масҷиди мазкур бошад.»

Ин дар ҳолест, ки ба қавли яке аз рӯҳониҳои деҳаи «Болшевизм», шахсе, ки дар навори маҳрамона дар интернет пайдо шудааст, дар ҳақиқат имомхатиби масҷиди панҷвақтаи атрофи маркази ҳамин ноҳия мебошад. Ба қавли ӯ, ин шахс 7 сол дар дар яке аз мактабҳои динии хориҷӣ таҳсил кардааст.

Вале Кумитаи дин бо такя ба маълумоти шифоҳии мудири бахши дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатов зикр мекунад, ки ин шахс ҳеҷ гоҳ имомхатиби масҷиди панҷвақта дар маҳалли мазкур набудааст.

Ахиран Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки тасмим гирифтааст рӯзи 20 июн дар нишасти навбатии худ масъалаи навори маҳрамонаи имомахатиби яке аз масоҷиди панҷвақта дар ноҳияи Рӯдакиро баррасӣ кунад. Дар ҳамин ҳол шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки аз нигоҳи шариат барои як фарди мусулмон ҳаром аст, ки муносибати маҳрамона бо зани худ ё ҳар зани дигарро наворбардорӣ ва ё аксбардорӣ намояд.

Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки имомхатиб баъди бозпурсӣ ба зиндагии маъмулии худ идома дода истодааст. Хонуме, ки дар навор мавриди иртиботи ҷинсӣ қарор дорад, зани дувуми никоҳии ин мулло будааст.

Нашри ин навори алоқаи ҷинсӣ дар Интернет чанд муддат боз сарусадоҳои мухталифро дар ҷомиа барангехтааст. Нафаре бо номи Солеҳ Ҳотамиён дар Фейсбук ин наворро дар саҳифааш ҷо дода, чанд сиёсатмадори исломиро ҳамчун қаҳрамони навор муаррифӣ кард, вале баъдан пулиси Рӯдакӣ “қаҳрамон”-и аслии ин наворро маълум кард.
XS
SM
MD
LG