Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия қарори Мисрро "ғайримасъулона" хонд


Ҳукумати Сурия қарори Миср дар мавриди қатъи равобит бо он кишварро «ғайримасъулона» хонд. Як мақоми расмии Сурия ҳамчунин ба матбуоти давлатӣ гуфтааст, ки Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар «дасиса» алайҳи Сурия даст дорад. Пештар аз ин Муҳаммад Мурсӣ дар шаҳри Қоҳира ба тарафдоронаш гуфт, ки Миср равобиташ бо Сурияро қатъ карда ва сафораташро дар Димишқ мебандад. Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунин хост, ба хотири кӯмак ба шӯришиён фазои Сурияро мамнӯъ барои парвоз эълон кунанд. Раиси ҷумҳури Миср аз созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон талаб кард, ки аз Сурия хориҷ шавад. Ин созмони эронгарои шиъамазҳаб дар ҷанг ба зидди шӯришиён ба ҳукумати Башор Асад, кӯмак мекунад. Миср як шарики наздики шӯришиёни Сурия аст.
XS
SM
MD
LG