Пайвандҳои дастрасӣ

Як гузориши муфассал дар телевизиони давлатии Тоҷикистон гузоришҳои қаблӣ дар бораи кам ё ҳатто қатъ шудани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғунро радд мекунад.

Бино ба ин гузориш, ки аз «Шабакаи аввал» пахш шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ идома доранд ва то ба ҳол қисмати бузурги тарҳи барқарорсозии неругоҳ ба анҷом расидааст. Дар ин гузориш зикр мешавад, ки «айни ҳол қисми қабулкунии нақбҳои сохтмонӣ, нақбҳои обпарто, ноқилӣ, ёридиҳанда, бинои васлкунии ду агрегати нахустин, толор ва дарвозаҳои таъмирӣ, дарвозаҳои асосӣ, инчунин нақбҳои аэратсионии сохтмонӣ пурра ба итмом расидааст. Дар дигар мавзеҳои неругоҳи барқи обии Роғун ҳаҷми корҳои барқарорсозӣ тибқи нишондоди тарҳи ин иншооти аср тавассути техникаҳои замонавӣ сурат мегирад.»




Сарусадоҳо дар бораи қатъи корҳои сохтмонӣ соли гузашта замоне ба миён омаданд, ки иддае аз ширкатҳои хориҷии фаъол дар сохтмони ин неругоҳ фаъолияти худро қатъ карданд ва ҳам гуфта шуд, ки теъдоди коргарони неругоҳ аз 6 ба 1 ҳазор коҳиш ёфтааст. Ҳамчунин моҳи январи соли равон вазорати молияи Тоҷикистон бо машварати Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории нерӯгоҳи Роғун дар буҷаи давлатиро дар соли 2013 аз 1 миллиарду 200 миллион сомонии нақшавӣ ба 946 миллион сомонӣ коҳиш дод.

Зимнан, як муддати тӯлонӣ дар телевизиону расонаҳои Тоҷикистон низ ҳарфи Роғун, ки ба истилоҳ, аз забонҳо уфтода буд, ҳоло дигарбора бармегардад.
«Бозгашт»-и неругоҳи Роғун ба эфир дар пайи ду мулоқоте сурат мегирад, ки ҳафтаи равон иттифоқ афтоданд.

14 июн дар Тошканд мулоқоти сарони Ӯзбакистону Қазоқистон – Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев баргузор шуд. Онҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон хостанд, ки сохтмони нерӯгоҳҳо дар кишварҳои худро бо мурооти қавонини байналмилал роҳандозӣ карда, кишварҳои поёнобро мӯътақид кунанд, ки ба онҳо осебе намерасад.

Худи ҳамон рӯз дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумуҳури Тоҷикистон бо Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот кард. Чун Бонки ҷаҳонӣ се сол боз масъули ташхиси фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун аст, Сароҷ Кумар Ҷа бидуни овардани кадом таърихи мушаххасе гуфтааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ин ташхисро дар ояндаи наздик ба поён мерасонад.


Ҳамзамон 15 июн дар Душанбе Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони нерӯгоҳи Роғун баргузор шуд. Дар ин ҷаласа фаъолиятҳои фаннӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зистмуҳитӣ ва молиявии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуданд. Сироҷуддин Мирзоев, котиби корпоративии ҷамъияти саҳҳомии Роғун мегӯяд, дар ин маҷлис фаъолиятҳои нерӯгоҳ дар соли 2012 баррасӣ шуданд: «Ин маҷлисе нест, ки шавад пас аз анҷомаш дар бораи натиҷаҳояш зуд ахбор пахш кард. Натиҷаҳои он расо пас аз даҳ рӯз дар нашрияҳо ва телевизионҳо эълон мешаванд.»

«Бозгашт»-и мавзӯъи неругоҳи Роғун ба телевизионҳои давлатӣ пас аз ин қадар таҳаввулот дар ин тарҳи қариб 50 – сола ва баҳснок дар сатҳи минтақаву ҷаҳон чӣ маъно дошта метавонад? Ин як гуна посух ба изҳороти сарони Ӯзбакистону Қазоқистон аст, ё як бахши омодагиҳо ба интихоботи моҳи ноябри раёсатиҷумҳурии худи Тоҷикистон?

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, тарҳи нерӯгоҳи Роғун тайи бист соли ахир ҷузъе аз ғояи миллӣ гаштааст, вале истифодаи он ба хотири сиёсат наҳамеша муваффақ буд: «Гузоришҳои телевизионӣ вокунише ба гуфтугузорҳои ахиранд. Вокуниш ба суханони сарварони Ӯзбакистону Қазоқистон – Ислом Каримову Нурсултон Назарбоев ва ҳам сӯҳбатҳои бархе раҳбарони созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ. Аммо агар ҳарфи интихобот дар миён бошад, пас бояд ҳукумат дар сохтмони нерӯгоҳ натиҷа нишон диҳад, масалан, агар маҷрои дарёро бандад, ё ягон кори дигар кунад ва мардум бинад, ки ваъдаҳои ҳукумат бепоя набудаанд.»

Зимнан, бебарқии мардум дар фаслҳои зимистон ва бо вуҷуди аз мардум ба сурати нимаиҷборӣ ҷамъ кардани қариб як миллиард сомонӣ то ҳол аз ҷояш наҷунбидани тарҳи нерӯгоҳи Роғунро мунтақидон яке аз нуқтаҳои асосии заъфи ҳукумати Тоҷикистон унвон карда, бар ин ҳам ишора мекунанд, ки сохтмони ин нирӯгоҳ бештар дар гузоришҳои телевизионӣ дида мешавад, то дар худи Роғун.


Ба бовари мунтақидон, ҳукумат бо дубора эфир додан ба гузоришҳо аз ин сохтмон шояд мехоҳад ин интиқодҳоро то ҷое маҳор кунад. Бархе ҳатто эҳтимоли ба хотири касби пуштибонии бештари мардум аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон то интихоботи моҳи ноябр даст ба бастани маҷрои рӯди Вахш задани мақомоти Тоҷикистонро ҳам сарфи назар намекунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи муҳандисон, аз нигоҳи фаннӣ то зимистон ва кам шудани оби дарё бастани маҷро ягон маъно надорад.

Сохтмони нирӯгоҳи Роғун ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфт, вале баъди фурӯпошии Шӯравӣ қатъ шуд. Тоҷикистон, ки то 6 моҳи зимистон аксари мардумаш барқ надорад, сохтани ин нирӯгоҳро танҳо роҳи раҳоии кишвар аз буҳрони энержӣ медонад ва дар соли 2010 барои шурӯъи сохтмони Роғун аз мардум ҳудуди 186 миллион доллар ҷамъ овард. Вале оғози ин сохтмон ба мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ гардид ва Душанбе ҳам маҷбур шуд, ки фурӯши саҳмияҳо ва корҳои сохтмониро қатъ карда, ташхиси фанниву иқтисодӣ ва асароти зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Аммо Бонки ҷаҳонӣ се сол боз дар нашри натоиҷи ташхиси Роғун таъхир мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG