Пайвандҳои дастрасӣ

Тарафдорони ҳукумат дар Туркия раҳпаймоӣ мекунанд


Чанд соат баъд аз рондани тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ аз Парки Ғозӣ дар маркази Истанбул, тарафдорони ҳизби Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз азмашон барои баргузории раҳпаймоӣ дар ин шаҳр эълон доданд. Рӯзи шанбе нерӯҳои пулиси Туркия бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош, тазоҳургаронро аз Парки Ғозӣ берун карда ва сипас барчидани хаймаву сангарҳо ва поксозии боғ пардохтанд. Дастандаркорони тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ мегӯянд, ки дар ҷараёни бархӯрди дурушти маъмурони пулис, садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд, вале шаҳрдори Истанбул гуфт, танҳо 44 нафар захмҳои сабуке бардоштаанд. Тазоҳурот ду ҳафта пеш алайҳи тарҳи бозсозии парк шурӯъ шуд, вале баъдан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва нооромиҳое печид, ки Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон тайи даҳ соли ҳукуматаш шоҳид нашуда буд. Мақомоти Туркия гуфтаанд, то замони маълум шудани ҳукми додгоҳ дар бораи тарҳи бозсозии Парки Ғозӣ ва баргузории раъйпурсӣ, дарахтзори ин боғро намебуранд ва сохтмоне ҳам дар онҷо бунёд намекунанд.
XS
SM
MD
LG