Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба Кветта кори Лашкари Ҷангӣ будааст


Як созмони ифротгарои исломии Покистон, масъулияти ҳамлаҳои хунин ба шаҳри Кветтаро дар дӯш гирифт. Лашкари Ҷангӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки бомбгузорӣ дар автобуси донишҷӯдухтарон ва ҳамла ба шифохонае дар Кветта кори дасти ҳамин гурӯҳ будааст. Рӯзи шанбе инфиҷори бомб дар автобуси донишҷӯдухтарон 14 нафарро кушт. Баъд аз ин маргталабе худро дар ҳамон бемористоне мунфаҷир кард, ки маҷрӯҳони ҳамлаи аввалро онҷо бурданд. Баъди ҳамлаи маргталабона тундравон ин шифохонаро ишғол карданд. Дар ҳамла ба инҷо 10 нафар кушта шуд. Нерӯҳои амниятии Покистон баъд аз чанд соат даргирӣ бо тундравон, шифохонаро аз дасти онҳо озод карданд. Шаҳри Кветта дар гузашта саҳнаҳои муноқишаҳои хунин миёни шиъа ва суннимазҳабони Покистон будааст ва ҳамлаҳои хунине ба шиъаёнро Лашкари Ҷангӣ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG