Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳои Ироқ 20 тан ҷон додаанд


Рӯзи якшанбе бар асари силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ дасти кам 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлаҳо умдатан дар маҳаллаҳои шиъанишини манотиқи марказӣ ва ҷанубии Ироқ сурат гирифтааст. Аз ҷумла инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Кут 7 нафарро кушта ва 20 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Айни чунин бомбгузориҳо дар шаҳрҳои Азизия, Маҳмудия, Носирия ва Басра низ ба вуқӯъ пайвастааст. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифт, вале тайи як соли ахир ҳадаф гирифтани маҳаллаҳои суннинишин ва шиъанишини Ироқ нигарониҳо аз авҷ гирифтани хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқро афзудааст.
XS
SM
MD
LG