Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот шаби шанбе дар Туркия идома кард


Баъди рондани тазоҳургарон аз Парки Ғозӣ дар шаҳри Истанбул, ҳазорон нафар шаби шанбе дар ин шаҳр тазоҳурот карданд. Онҳо гуфтанд, ки ба эътироз алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия идома хоҳанд дод. Рӯзи шанбе, нерӯҳои пулиси Туркия бо истифода аз гази ашковар ва мошинҳои обпош, тазоҳургаронро аз Парки Ғозӣ берун карданд ва сипас барчидани хаймаву сангарҳои онҳо ва поксозии боғ шурӯъ шуд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ин пештар ба тазоҳургарон ҳушдор дод, ки боғро тарк кунанд. Мақомоти Туркия гуфтаанд, то замони маълум нашудани ҳукми додгоҳ дар бораи тарҳи бозсозии Парки Ғозӣ ва баргузории раъйпурсӣ, дарахтзори ин боғро намебуранд ва сохтмоне ҳам дар онҷо бунёд намекунанд. Тазоҳурот дар Истанбул аввал алайҳи тарҳи бозсозии парк буд,сипас тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил шуд.
XS
SM
MD
LG