Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили пирӯзии Рӯҳонӣ дар хиёбонҳои Теҳрон


Ҳазорон нафар аз эрониён пирӯзии Ҳасан Рӯҳонӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар хиёбонҳои Теҳрон таҷлил карданд. Аз Ҳасан Рӯҳонӣ, донишманди исломӣ ва музокиракунандаи собиқи ҳастаии Эрон, унсурҳои ислоҳталаби Ҷумҳурии Исломӣ тарафдорӣ мекарданд. Бар асоси натиҷаҳои расмӣ, ки рӯзи шанбе нашр шуд, Ҳасан Рӯҳонии 64-сола дар интихобот бештар аз 18 миллион оро ва ё 50,7 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва панҷ рақиби муҳофизакори худро шикаст додааст. Баъди пирӯзӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ дар суханронии телевизионӣ, пирӯзии худро пирӯзии эътидол ба ифрот хонд ва аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, ҳаққи Эронро эътироф ва бо он бо эҳтиром рафтор кунанд. Шикояти зиёде дар бораи тақаллуб дар интихобот нарасидааст. Дар Эрон агарчӣ раиси ҷумҳур салоҳиятҳои зиёде дорад, аммо ҳарфи ниҳоӣ дар умури низомӣ ва сиёсии давлат аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари муаззами Эрон аст.
XS
SM
MD
LG