Пайвандҳои дастрасӣ

Наҷмиддин Толибов – сармураббии нави «Регар-ТадАЗ»


Наҷмиддин Толибов

Наҷмиддин Толибов

Наҷмиддин Толибов сармураббии нави дастаи «Регар-ТадАЗ» таъин шуд. Вай дар ин вазифа Маҳмадчон Ҳабибуллоевро иваз кард. Наҷмиддин Толибов аз ин пеш ёвари Маҳмадчон Хабибуллоев буд.

Шариф Назаров, раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ” чанд рӯз пеш гуфта буд, ки «Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, бемор аст. Ӯро ҷарроҳӣ карданд ва наметавонад, ки дар ҷараёни тамрин бо бачаҳо дар майдон бошад. Ин лаҳзаи аз ҳама муҳим аст, ки мураббӣ вазифадор аст дар майдон бо бачаҳо бошад. Мо бо ӯ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардем. Вай гуфт, барояш танаффус зарур аст, то ки дам бигирад ва худро табобат кунад. Ин хулосаи ӯ дуруст аст. Ман дар ин масъала ӯро дастгирӣ мекунам. Ба вай имкон медиҳем, ки истироҳат кунад ва бо нерӯю ғояҳои нав баргардад.»

Чунон ки дар хабари сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон омадааст, баъди анҷоми бозии даври 11-уми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо дастаи ССКА «Помир», ки бо ҳисоби 2- 0 ба нафъи Регар-ТадАЗ анҷом ёфт, шоми шанбеи 15-уми июн Шариф Назаров ба утоқи либосивазкунии даста ворид шуда, ба бозигарон эълон кардааст, ки Наҷмиддин Толибов сармураббии «Регар-ТадАЗ» таъин шуд ва дастаро ба давраи дувуми мусобиқот ӯ омода хоҳад кард.

«Регар-ТадАЗ» дар давраи аввали мусобикот дар 9 бозӣ (5 ғалаба, 1 мусовӣ ва 3 бохт) 16 имтиёз ба даст оварда, алъон дар зинаи севум қарор дорад ва нисбат ба тими «Равшан»-и Кӯлоб, пешсафи кунунии мусобиқот 11 имтиёз камтар дорад. Дар сурати пирӯзии дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии охирини даври 11-ум дар сафар бар тими «Истаравшан»-и Истаравшан, ки бегоҳи 16-уми июн баргузор мешавад, «Регар-ТадАЗ» ба зинаи чаҳорум мефарояд.

Муддаиёни аслии унвони қаҳрамони имсолаи футболи Тоҷикистон – дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе шоми шанбеи 15 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 20 ҳазор мухлис бо ҳам рақобат карданд. Дар ин бозӣ «Равшан» бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда, бо 27 имтиёз ғолиби давраи аввали мусобиқот гардид.

Голро Течи Соломон, легионери «Равшан» аз кишвари африқоии Ғана, дар дақиқаи 38-ум зад. Вай хатти дифоъи «Истиқлол»-ро рахна карда, бо дарвозабон Алишер Тӯйчиев як ба як баромад ва тӯбро вориди дарвоза намуд.

Ба ин тартиб, «Равшан» ягона дастаест, ки дар ҳамаи 9 бозиаш пирӯз шудааст. Дастаи «Истиқлол», ки дар мусобиқоти имсола аввалин бор шикаст хӯрд, бо 24 имтиёз дар ҷой дувум қарор дорад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварони ин бозиро аз Қирғизистон даъват намуда буд. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Дмитрий Машенсев, ёваронаш Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков буданд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 9 9 0 0 15-2 27
2 «Истиқлол» (Душанбе) 9 8 0 1 28-3 24
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 5 1 3 10-8 16
4 «Хайр» (Ваҳдат) 8 4 2 2 13-9 14
5 «Энергетик» (Душанбе) 9 3 2 4 9-11 11
6 «Парвоз» (Б. Ғафуров) 9 3 1 5 7-16 10
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 2 3 4 7-9 9
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 2 2 5 4-9 8
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 9 0 3 6 3-12 3
10 «Истаравшан» Истаравшан) 8 0 2 6 3-20 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истиклол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Муҳаммад ГУЛИПУР(“Хуҷанд”) – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG