Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср тамоми равобиташ бо Сурияро канд


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, эълон кард, ки кишвараш тамоми муносибот бо ҳукумати Сурияро қатъ кардааст. Ӯ ҳамчунин аз қудратҳои ҷаҳонӣ хост, фазои Сурияро қаламрави мамнӯъ барои парвоз эълон карда ва аз ин роҳ ба шӯришиён кӯмак расонанд. Дар як суханроние дар ҳузури рӯҳониёни суннимазҳаб дар Қоҳира дар рӯзи шанбе, Муҳаммад Мурсӣ аз созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон талаб кард, ки аз Сурия хориҷ шавад. Ин созмони эронгарои шиъамазҳаб дар ҷанг ба зидди шӯришиён ба ҳукумати Башор Асад, кӯмак мекунад. Раиси ҷумҳури исломгарои Миср афзуд: “Ҳизбуллоҳ бояд Сурияро тарк кунад, ин ҳарфи ҷиддист. Дар Сурия барои Ҳизбуллоҳ ҷойе нест.” Миср, ки шарики наздики шӯришиёни Сурия аст, гуфт, ки сафораташ дар Димишқро мебандад ва кордори сафораташро фаро мехонад.
XS
SM
MD
LG