Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои амниятии Покистон гаравгонҳоро озод карданд


Дар Квейта, воқеъ дар ҷануби Покистон, амалиёти нерӯҳои амниятӣ барои озод кардани бемористон аз дасти гурӯҳи мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ анҷом ёфт. Вазири умури дохилии Покистон Чаудрӣ Нисор Алӣ Хон хабар дод, ки дар амалиёт чаҳор тан аз ҳамлагарон кушта шуданд, ҳамаи 35 нафаре, ки онҳоро рӯзи шанбе ҷангҷӯён гаравгон гирифта буданд, раҳо карда шуданд.

Аз ин пеш бар асари таркиши автобус дар канори донишгоҳи занона дар ин шаҳр 11 донишҷӯдухтар кушта ва тақрибан 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Баъди ба бемористон интиқол ёфтани осебдидагон афроди ношинос дубора бинои донишгоҳро тирборон карданд. Дар ин ҳодиса як корманди ҳукумати шаҳр ҳам кушта шуд. Ҳамчунин ба иттилои хабарнигори бахши покистонии Радиои Озодӣ дар дохили донишгоҳи занона низ инфиҷор рӯй дод, ки аз он як кас осеб дидааст.

Масъулияти ҳамларо то ҳол гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG