Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Facebook ҳамкорияш бо ҳукумати Амрикоро тайид кард


Ширкати интернетии Facebook изҳор намуд, ки мақомоти Амрико чандин бор хостори ошкор кардани иттилои шахсӣ дар бораи истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook шудаанд. Дар нимаи дуввуми соли гузашта аз мақомоти маҳаллӣ ва федеролии Амрико дар ин бора тақрибан даҳ ҳазор дархост ворид шуд.

Ширкати Microsoftхабар дод, ки дар ҳамин давра аз полис ва хадамоти амниятии ИМА тақрибан шаш-ҳафт ҳазор дархост дар бораи тақрибан сӣ ҳазор истифодабарандаро дарёфт кардаанд.

Раҳбарияти Facebook эълом дошт, ки дархостҳо дар бораи тақрибан 21 ҳазор истифодабаранда буданд ва иттилоъ фақат баъд аз имзои созиши махсус дар бораи муносибатҳои миёни Facebook ва ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Амрико ироа мешуд. Гуфта мешавад, ки гап сари кӯдакони гумшуда, ҷинояткорони махфишуда ва ҳамчунин тафтишоте мерафт, ки бо амнияти миллӣ ё бо ҷилавгирӣ аз хатари террористӣ бастагӣ дошт.

Изҳороти ширкати Facebook баъд аз он пахш шуд, ки Эдвард Сноуден, корманди собиқи хадамоти амниятии Амрико, барномаи махсуси ҳукуматӣ оид ба ҷамъваории иттилоъ дар бораи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои телефонии Амрико ва дигар кишварҳоро фош намуд.
XS
SM
MD
LG