Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар Бенғозӣ боиси ҳалокати 6 нафар шуд


Дар шаҳри Бенғозӣ, воқеъ дар шарқи Либия, бар асари даргирӣ миёни афроди мусаллаҳ ва нерӯҳои амниятӣ дасти кам шаш нафар кушта шуданд.Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шабона чанд силоҳдор ба сарбозоне ҳамла намуданд, ки биноҳои идораҳои давлатиро муҳофизат мекарданд. Артиш ба ёрии сарбозон омад. Сокинони маҳаллае, ки даргирӣ рзй дод, дар бораи тирандозиву таркишҳо дар соатҳои аввали субҳ хабар доданд.

Вазорати дифои Либия ба Бенғозӣ нерӯҳои иловагӣ фиристод ва изҳор намуд, ки ба ҳама гуна ҳамла ба кормандони полис ва низомиён посухи сазовор хоҳад дод.

Ҳафтаи гузашта дар Бенғозӣ миёни кормандони полис ва эътирозгарони мусаллаҳ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки дар он 31 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG