Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як гурӯҳ зиёиён ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеъаи байнулмилалиро ба нақзи қавонин ва меъёрҳои байнулмилалӣ аз сӯи мансабдорони тоҷик ҷалб карданианд.

Тарҳи муроҷиатномаи онҳо ахиран дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой дода шуд.

Темур Варқӣ, яке аз муаллифони тарҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим дар бораи муроҷиат ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар баъди он гирифта шуд, ки номаи бози онҳо унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бепосух монд. Зери нома дар робита ба қонуншиканиҳо зимни боздошти тоҷири маъруф Зайд Саидов тақрибан сад тан аз зиёиён ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ имзо гузошта буданд. Темур Варқӣ афзуд, ки он вақт иддае аз имзои нома худдорӣ намуданд - аз нигоҳи бархе нома “хело мулоим” буд ва дигарон, баръакс, сари то куҷо муассир будани чунин муроҷиат ба раисиҷумҳур андеша мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳои зердастонаш бохабар аст ва ирсоли нома ба ӯ чизеро ҳал намекунад, аз ин рӯ бояд таваҷҷуҳи ҷомеъаро ба он нукта ҷалб намуд, ки раисиҷумҳур барои он чӣ ки дар Тоҷикистон мегузарад, масъул аст.

Мусоҳиби мо меафзояд, раисиҷумҳури Тоҷикистон номаи бози зиёиён ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандиро нодида гирифт, ба ҷойи он як номаи
Темур Варқӣ

Темур Варқӣ

номафҳум аз шаҳрдории Душанбе расид. "Дар нома, аз ҷумла, гуфта шуда буд, ки баргузории иҷлосияи маҷлиси шаҳр қонунӣ буд, вале мо ба дигар нукта ишора карда будем, бале иҷлосия қонунӣ буд, аммо лағви дахлнопазири вакили шӯрои шаҳрӣ Зайд Саидов ғайриқонунӣ буд, зеро дахлнопазир баъди он лағв шуд, ки ӯ, вакили шӯрои шаҳр, аллакай боздошт ва зери иҳотаи афроди силоҳбадаст ба боздоштгоҳ интиқол дода шуда буд", мегӯяд Темур Варқӣ.

Ҷомеъаи шаҳрвандӣ суолеро ба миён гузошт, ки чаро ҳангоми баррасии масъалаи лағви дахлнопазирияш вакил Зайд Саидов дар толор набуд ва чаро дигар вакилҳо низ ба ин таваҷҷуҳ накарданд? Аммо шаҳрдорӣ дар посух ба муаллифони нома ҳушдор дод, ки аз озодии баён сӯиистифода накунанд, зеро барои ин метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Темур Варқӣ меафзояд:
“Аз ин рӯ намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва эътилоф ба натиҷа расиданд, ки бояд ба созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат ва тавзеҳ намоянд, ки дар дохили Тоҷикистон мақомот ба ҳарфи ҷомеъа гӯш намедиҳанд, аз он канорагирӣ мекунанд, муколамае миёни ҳукумату ҷомеъа нест. Ба ин васила, тасмим гирифта шуд, ки муроҷиатномае бо даъват аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва сохторҳои байнулмилалӣ иншо шавад”.

Дар тарҳи муроҷиатнома дар Facebook аз ҷумла омадааст, “раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро мутмаин сохт, ки интихобот дар Тоҷикистон шаффоф ва демократӣ хоҳад гузашт. Аммо дар асл мақомот аз он тарзу усулҳои саркӯбсозиву таъқиби падидаҳои рақобати озоди сиёсӣ кор мегиранд, ки берун аз чаҳорчӯби қонун ва меъёрҳои байнулмилалиянд”. Дар робита ба ин муаллифон аз қонуншиканиҳо дар баробари раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба навиштаи онҳо, фаъолияти тиҷоратӣ, кор дар ҳукумат ва фаъолияти Зайд Саидов чун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе тайи солҳои зиёд эроде надошт, аз ин рӯ талошҳои дар чанд ҷиноят муттаҳам кардани ӯ ,аз нигоҳи муаллифон, таъқиби пардапӯшонаи сиёсист. Муаллифон аз он ҳам изҳори ҳайрат кардаанд, ки шахси аз хориҷа ба хотири посух ба суолҳои мақомоти қудратӣ баргашта дар маҳбас нигаҳ дошта мешавад. “Суолҳои намояндагони ниҳоди мубориза бо фасод марбути фаъолияти хоҷагидорист, пас чаро бояд ӯро дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳ доранд?”-пурсидаанд онҳое, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштаанд. Онҳо ба он нукта ҳам ишора кардаанд, ки баъд аз боздошти Зайд Саидов барои сӯҳбат ба Кумитаи амнияти миллӣ дигар аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ҳам даъват шудаанд, ҳарчанд онҳо онҳо на ба тиҷорат ва на ба зиндагии хусусии Зайд Саидов ягон рабт надоранд.

Темур Варқӣ меафзояд, ки айни ҳол баррасии тарҳи муроҷиатнома дар Facebook идома дорад ва ҳар нафар метавонад пешниҳоду иловаи худро ироа намояд. Дар тарҳи ниҳоӣ, ба гуфтаи ӯ, созмонҳое, ки ба онҳо муроҷиат мешаванд, мушахаас хоҳанд шуд – онҳо СММ, Бюрои ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар “Human rights watch”, “Freedom House” ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, тоҷири маъруф Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз тасмими таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" хабар дод ва гуфт, ин ҳизб марказгаро хоҳад шуд. Рӯзи 11 май додситонии пойтахт манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз намуд. Худи ҳамон рӯз Оҷонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷсохтмонбайналмилал”, ки низ мутааллиқ ба Зайд Саидов дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза” – балантарин бино дар пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо рӯзи баъдаш раиси Оҷонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов гуфт, ки алайҳи соҳибкор ҳеҷ гуна парванда боз нашудааст.

Зайд Саидов, ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, ин парвандаҳоро “сиёсӣ ва марбут ба ибтикори таъсиси ҳизби нав” номид ва гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Тоҷикистон бармегардад. Субҳи 19 май ӯ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Як рӯз баъд маҷлиси вакилони Душанбе мақоми дахлнопазирии ӯро лағв кард. Рӯзи 22 май додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳукми ҳабси думоҳаи Зайд Саидовро содир намуд. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG