Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба пурсишҳои хабарнигорони кувайтӣ посух дод


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пурсишҳои гуруҳи рӯзноманигорони кувайтӣ посух додааст. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин мусоҳиба рӯзи 15-уми июн ва дар арафаи сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт сурат гирифтааст. Интизор меравад дар авохири моҳи ҷорӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кувайт сафар намояд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин гуфтугӯ хостори тақвияти ҳамкориҳо бо ин кишвари нафтхези ҳавзаи Халиҷи Форс шуда ва гуфтааст, ки ин сафар «оғозбахши марҳилаи сифатан нав дар муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар хоҳад буд». Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба суолҳои намояндагони расонаҳои мухталифи кувайтӣ дар мавриди имконияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар посух гуфтааст.
XS
SM
MD
LG