Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мухолифини ҳукумати Украина нахуствазири пешин Юлия Тимошенкоро номзади ягона дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2015 пешбарӣ карданд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дар анҷумани ҳизби мухолифин «Баткившина» тасмим гирифта шуд. Ваколатҳои хонум Тимошенко чун раҳбари ҳизб тасдиқ карда шуданд.

Дар анҷуман ҳамчунин иттиҳод бо ҳизби «Фронт перемен»-и Арсений Ятсенюк пазируфта шуд. Вакилон худи Ятсенюкро раиси шӯрои сиёсии «Баткившина» интихоб карданд.

Юлия Тимошенко бо иттиҳоми берун рафтан аз ваколат зимни имзои созиши газ бо Русия дар соли 2009 барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG