Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Эрон ҳамоно Ҳасани Рӯҳонӣ пешсаф аст


Натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон нишон медиҳад, ки Ҳасан Рӯҳонӣ имкони пирӯзӣ дар даври аввалро дорад. Ба иттилои вазорати кишвари Эрон, баъд аз баршумурдани беш аз 8 миллион баргаҳои раъй маълум шуд, ки Рӯҳонӣ ба дарёфти зиёда аз 51 дар сади раъйҳо муваффақ шудааст. Аз номзадии Рӯҳонӣ нерӯҳои ислоҳотталаби Эрон пуштибонӣ кардаанд. Шаҳрдори Теҳрон Муҳаммад Боқири Қолинбоф камтар аз 17 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст.

Агар дар давари аввал нафаре аз номзадҳо беш аз нисфи овозҳоро ба даст наоварад, рӯзи 21 июн даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, аз 50 миллион афроди соҳиби ҳаққи раъй беш аз 70 дар сад пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ омаданд.

Дар интихоботи президентии Эрон шаш номзад ширкат карданд. Раисиҷумҳури нав ба курсе менишинад, ки онро ду давра пайиҳам Маҳмуди Аҳмадинажод ишғол карда буд.
XS
SM
MD
LG