Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук дархостҳои Созмони амнияти миллии Амрикоро фош кард


Қароргоҳи Созмони амнияти миллии Амрико.
Қароргоҳи Созмони амнияти миллии Амрико.

Шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» эълом кард, ки аз сӯи давлати Амрико дар мавриди ироаи маълумот дархостҳое дарёфт кардааст.

Фейсбук рӯзи ҷумъа барои нахустин бор эълом кард, дар чанд маврид дархостҳое аз давлати Амрико дарёфт кардааст, то маълумоте дар мавриди корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ пешниҳод намояд.

Фейсбук бо беш аз як миллиард корбар, бузургтарин шабакаи маҷозии иҷтимоӣ аст ва гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонии давлати Амрико, ки ба масъалаи ҷанҷолӣ табдил шуда, тайи солҳои гузашта домани онро низ гирифтааст.

Фейсбук мегӯяд, дар шаш моҳи ахири соли гузашта 9-10 ҳазор дархост барои ошкор кардани маълумоти ҳудуди 18-19 ҳазор ҳисоби корбарӣ дарёфт кардааст.

Пештар гуфта шуда буд, чандин ширкатҳои бузург, аз ҷумла Фейсбук, Майкрасофт, Гугл ва Яҳу ба таври махфиёна маълумотеро дар мавриди корбарони худ дар ихтиёри Созмони амнияти миллии Амрико қарор додаанд.

Гӯш кардан ва пайгирии маълумоти хусусӣ ба дасти Созмони амнияти миллии Амрико ва ошкор шудани он, ин рӯзҳо бо ҷанҷоли бесобиқа дар Амрико тайи солҳои ахир табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG